- санг
- I[سنگ]1. ҷисми сахти кӯҳӣ2. санге, ки бо он корд ва дигар олатҳои бурандаро тез мекунанд3. санги тарозу, вазна; санги вазнинро об намебарад (зарб.); ҳар куҷо санг аст, бар пои ланг аст (зарб.); санги мазор катибаи болои қабр; санги масона тиб. санге, ки дар шошадон пайдо мешавад; санги маҳак а) санги сиёҳ барои муайян кардани иёри тилло; б) маҷ. он чи бо он чизе санҷида мешавад; санги осиё санги гирдаи осиё, ки бо қуввати об ба гардиш даромада ғалларо орд мекунад; санги хоро санги хеле сахт; санги маломат маҷ. сухани маломатомез; санги маломат задан сухани маломатомез гуфтан; сангу шиша ду чизи тамоман ба якдигар зид; аз дунболи касе санг андохтан(ҳаво додан) дар ғайби касе аз вай бадгӯӣ кардан; санг болои санг нагузоштан ҷоеро тамоман вайрону фатарот кардан; санг об шудан (ба ҳоли касе аҳволи хеле бад доштан); санги роҳи (сари роҳи) касе будан монеа ва халалрасони пешрафти кори касе будан, пеши роҳи касеро гирифтан; ба шикам санг бастан ба гушнагӣ тоқат кардан; ба кам қаноат кардан; ба санг бархӯрдани тири касе ба мақсад нарасидан, ба кори умеддоштаи худ ноил нагардидан; ба сари касе санг борондан касеро ба азобу фалокат андохтан; санг дар бағал доштан ниҳонӣ кина парвардан барои ниқор фурсат ҷустан; ҷони касе аз санг будан хеле ҷонсахт будан, хеле пуртоқат будан; сар ба санг задан аз пушаймонӣ чӣ кор кардани худро надонистан; санг бардоштан камвазн буданII[سنگ]шакли кӯтоҳшудаи фарсанг
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.